Пайвандҳои дастрасӣ

Дуня Миятович дар Тоҷикистон. Баҳси озодии матбуот


Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури матбуот

Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури матбуот

Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури матбуот бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуда, бо намояндагони ҷомеаи шащрвандӣ ва созмонҳои хабарнигорӣ мулоқот кард.

Муҷрим донистани Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов аз сӯи додгоҳи вилояти Суғд аз мавзӯъҳои матруҳа дар дидору гуфтугӯҳои Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури матбуот бо мақомоти Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои хабарнигорӣ дар Душанбе аст.

Хонум Миятович аз норозӣ будани ин ду хабарнигор аз ҳукми додгоҳ ва шикоят бурдани онҳо изҳори хушнудӣ карда, интизор дорад, ки зинаи болоии додгоҳ ин ҳукми ба гуфтаи ӯ “ноодилона”-ро лағв кунад.



Дуня Миятович, панҷшанбеи сеюми октябр дар Душанбе бо намояндагони созмонҳои хабарнигорӣ дидору гуфтугӯ кард. Қироншоҳи Шарифзода, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии журналистони Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, гуфт, масъалаи дастрасии мардум ба иттилоот, аз ҷумла муносибати ниҳодҳои давлатӣ ба расонаҳои хабарӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот буд.

Қироншоҳи Шарифзода

Қироншоҳи Шарифзода

Ӯ афзуд: “Дар ин мулоқот аслан масоили муносибати давлат бо воситаҳои ахбори омма, бахусус, муроҷиати мансабдорон ба додгоҳ, ки дар ин авохир афзудааст, баррасӣ шуд. Ба қавли ҳозирон ин мавзӯъҳо бештар ҷанбаи шахсӣ доранд, то он ки давлатӣ. Вале метавонад муносибати давлат бо расонаҳоро бозгӯ кунад. Ҳамчунин, мавзӯи дигар масъалаи дастрасии хабарнигорон ба иттилооот буд.”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани милли расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ба иловаи мурофиаҳои додгоҳӣ масъалаи дастрасии хабарнигорон ба иттилоот аз сӯи мақомоти давлатиро дар ин баҳс дар миён гузоштааст, то Дуня Миятович фардо ин мавзӯъҳоро дар мулоқотҳояш бо мақомоти давлатӣ матраҳ кунад.

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Вай гуфт: “Мавзӯи таҳаммулнопазирии мансабдорони давлатӣ нисбат ба ошкоргӯии расонаҳои хабариро матраҳ кардам. Ҳамчунин, мушкилоти дастрасии хабарнигорон ба иттилоот, ки бидуни иҷозаи вазир ё роҳбари корхона дастрас кардан ғайримумкин аст. Зеро ин мавзӯъ дар ин чанд соли охир ба як мушкили умда табдил шудааст. Дар ин мулоқот аз хонум Миятович хостем, ки ҳамин мавзӯъро дар гуфтугӯ бо мақомоти давлат матраҳ кунад, то мушкили хабарнигорон то ҷое осон шавад.”

Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури расонаҳо қарор аст фардо бо мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, раҳбарони Кумитаи радио ва телевизон, ҳамчунин хадамоти мухобирот мулоқот кунад.

Вай борҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи журналистони тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ” ва Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ садо баланд кардааст. Вай бо пахши чандин изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин ду хабарнигори тоҷикро раҳо ва “сафед” кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG