Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истанбул: Нахустин паёми возеҳи пуштибонӣ аз Афғонистон


Дар Истанбул шеваҳои таъмини амният дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ баррасӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, ширкат доштанд.

Нишаст бо ҳузури ҳайатҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва кишварҳои ғарбӣ, ба шумули Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Амрико, ҳамчунин вакилон аз НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ баргузор шуд.

Залмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон, дар ин нишаст изҳор намуд, ки ҳамоиши Истанбул барои таҳкими эътимоди байниҳамдигарӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои наздиктари минтақаӣ басо муҳим аст.

Кишварҳои ширкаткунандаи ҳамоиш таъйид карданд, ки аз истиқлол, ваҳдат ва якпорчагии Афғонистон ҳимоят мекунанд ва бо ин кишвар дар тахриби пойгоҳҳои террористӣ ва таъмини амният ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Дар акс: Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон бо ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай
Дар акс: Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон бо ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай

Вилям Бёрнс, муовини вазири умури хориҷии Амрико, дар ҳамоиши Истанбул аз ин изҳорот хуш истиқбол кард ва онро чун “нахустин изҳороти возеҳу рӯшани пуштибонии кишварҳои минтақа аз Афғонистон” арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз кишварҳои минтақа ба ҷои ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилот аз ҳама чораҳо кор мегирифтанд то авзоъ дар Афғонистон ҳарчӣ бештар печида ва нооромтар шавад.

Нозирон мегӯянд, ки ин як ишора ба Покистон буд, ки Вошингтон ва Кобул онро борҳо ҳатто дар ҳамдастӣ то ошӯбгарони “Толибон” ва баҳам задани амнияти Афғонистон айбдор кардаанд. Аммо Исломобод ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад.

Ҳомид Карзай бо Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳури Туркия
Ҳомид Карзай бо Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳури Туркия
Дар ҳоле ки вакилони ҳамоиш ваъдаи мусоидат дар ҳалли сиёсии қазияи Афғонистон карданд, Ҳомид Карзай таъкид кард, ки кишвараш дар роҳи расидан ба сулҳ ба кӯмаки кишварҳои дигар, ба вижа, Покистони ҳамсоя ниёз дорад. Ба гуфтаи ӯ, "бидуни ҷалби раҳбарони баландпояи Толибон дар Покистон ба раванди сулҳ, ин раванд ба муввафақият ноил нахоҳад шуд. Умеди мо ин аст, ки бо кӯмаки бародарони худ дар Покистон мо раҳбарони Толибонро аз ҳимояти тӯлонии баъзе шабакаҳои хориҷ аз Афғонистон маҳрум карда ва онҳоро ба ҷараёни сулҳ ҳамроҳ кунем."

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки кишварҳои минтақа набояд тавассути ҳимоят аз ҳамдигар алайҳи кишвари савум амал накунанд. Дар робита ба ин нозирон мегӯянд, Исломобод, аз ҷумла, аз рӯ ба сӯи Ҳиндустон овардани Кобул нигарон аст. Зимнан, дар суханронӣ дар ҳамоиши Истанбул Карзай созиши ҳамкориҳои стратегӣ бо Ҳиндустонро, ки моҳи гузашта имзо шуд, як санади таърихӣ унвон кард.

Як рӯз пеш дар Истанбул музокироти раҳбарони ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон баргузор шуд, ки онро коршиносон чун талоши оштӣ додани Кобулу Исломобод арзёбӣ карданд. Дар фарҷоми гуфтушунид созишномаҳои дуҷониба дар бахшҳои амниятӣ ва иқтисодиро низ имзо карданд. Ҳамзамон низомиёни баландпоя ва масъулини хадамоти амниятии ду кишвар бо миёнҷигарии ҳамтоҳои туркашон ва ба хотири аз байн бурдани ихтилофи назарҳо сари мизи музокирот нишастанд.


Аммо муҳимтарин натиҷаи музокирот, ба гуфтаи Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия ва миёнҷигари ин гуфтушунид, созиши Кобулу Исломобод дар бораи таҳқиқи муштараки сабабҳову омилҳои куштори раҳбари пешини Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ аст. Мақомоти Афғонистон дар ин ҳамла ошӯбгарони Толибони мустақар дар Покистонро айбдор мехонанд.
XS
SM
MD
LG