Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Шарифов - номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон


Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзадии Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 пешниҳод кардааст.

Вале ҷараёни пешбарии номзадҳои аҳзоб ба интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур, ки моҳи декабри имсол баргузор хоҳад шуд, нишон медиҳад, ки аҳзоби мухолиф чандон алоқаи том ба ин корзори интихоботӣ надоранд.

Агар ҲХДТ дар нимаи дуввуми рӯзи чоршанбе номзадии Сӯҳроб Шарифовро пешниҳод карда бошад, вале аз субҳ то нимаи дуввуми ҳамин рӯз дари конфронси ҲНИТ боз буду ягон нафар ариза пешниҳод накардааст, ки вориди сабқат хоҳад шуд ё на.

Муҳаммадҷони Нурӣ

Муҳаммадҷони Нурӣ

Вақте мо бо раиси созмони шаҳрии ҲНИТ Муҳаммадҷони Нурӣ дар робита ба пешбарии номзади ҳизб суҳбат мекардем, гуфт, воқеан интихоботҳои гузашта ҳизбҳо ва номзадҳо, аз ҷумла афродеро, ки мехоҳанд мубориза кунанд, дилсард намудааст: “Мо тамоми нозирону василаи таблиғу имконотамонро барои мубориза фароҳам овардаем, вале ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, ки ворид шавем ё на. Аммо нафаре ҳам аризаи худро барои номзадӣ пешниҳод накард. Вале масъалаи дилсардӣ ҳам то андозае вуҷуд дорад, зеро дар интихоботи соли 2010 мо амалан тақаллубу хилофкориҳоро мушоҳида карда будем.”

Ба қавли намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар интихоботҳо як навъ имтиёзҳое ба номзадҳои ҲХДТ ва ба номзадҳои аҳзоби ҳаводори он дода шудааст, ки ҳизбҳои мухолиф тибқи қонун аз он баҳраманд нестанд.

Толибшоҳи Сайидзода

Толибшоҳи Сайидзода

Толибшоҳи Саидзода, муҳаррири ҳафтаномаи “Миллат”, ки дар интихоботи миёндаврии порлумонӣ ҳамчун номзади мустақил вориди мубориза шуда буд, ин нукотро тасдиқ мекунад. Вай мегӯяд, дар минтақаҳои раъйдиҳӣ афроди соҳибмансаби ҳукуматӣ ва хусусан дар нуқтаҳои раъйе, ки дар бинои мактабҳои миёна амал мекунанд, мудирони макотиб аз манфиати ҲХДТ ҳимоят мекунанд: “Дар қитъаҳои интихоботӣ агар ба намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи узвият дода нашавад, таққалубкориву тахалуфкорӣ ҳамчунон идома мекунад. Дар интихобот ҳамин қитъаҳои раъйдиҳӣ маҳз ҷое ҳастанд, ки сарнавишти маъракаи сиёсиро ва сарнавишти номзадро ҳал мекунад. Дар ҳамин ҷо варақаҳои раъй баршумурда мешавад ва талоши ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар ин роҳ тайи чанд соли ахир идома дорад, вале ҳукумат аслан гӯш намедиҳад. Бидуни ин тағйирот ширкат дар интихобот маънӣ надорад.”

Бо назардошти вуҷуди ҳамин масъала Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар муроҷиати худ гуфтааст, кумиссюнҳои қитъавии интихоботӣ, ки амалан ҳалкунандаи тақдири интихобот мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба манфиати ҲХДТ ташкил карда мешаванд, ки ин асоси тақаллубкорӣ дар интихобот мебошад. Раҳматулло Зоиров аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хостааст, ки интихобти миёндаврии ноҳияи Шоҳмансурро бойкот кунанд.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби комунисти Тоҷикистон натавонистааст 7 ҳазор сомонӣ гаравпулии интихоботро пайдо кунад ва аз ин рӯ наметавонад номзади худро ба ин интихобот пешбарӣ намояд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ, мегӯяд, гаравпулии ҳангуфт низ як монеае дар роҳи ширкати озодонаи ҳизбҳо ба интихобот аст: “Ин маблағи бисёр бузург аст. Барои нафаре, ки дар интихобот ширкат мекунад ба музди яксолааш баробар аст, агар омӯзгор бошад. Агар номзад натавонад ғолиб шавад, ин маблағ ба буҷаи давлат интиқол дода мешавад ва ба номзад баргардонида намешавад. Ҳизби мо зарурати тағйири ин монеаҳорор пешинҳод карда буд, азбаски овози кам дар порлумон дорем, нагузаштанд.”

Бо ин вуҷуд, ҷаноби Талбаков афзуд, ҳизби онҳо пешниҳоди раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоиров дар хусуси бойкоти интихоботи миёндавриро пуштибонӣ намекунад ва инро нодуруст меҳисобад. Ба гуфтаи ӯ, комунистҳо имкон дорад, ки дар ин интихобот аз номзадҳои шоистаи ҳизбҳои дигар тарафдорӣ кунанд, чуноне дар интихоботҳои гузашта аз номзадҳои ҳизби ҳоким тарафдорӣ карда буданд.

Бо ин ҳол, феълан Ҳизби сотсиалистӣ ва ҲХДТ номзадҳои худро барои ширкат дар сабқати интихоботӣ пешбарӣ кардаанд. Соҳибназарон аз ҳоло ҳадс мезананд, ки пирӯзӣ дар ин сабқат насиби Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ хоҳад буд, ки аз афроди наздик ба ҳукумат аст.

Гуфтанист, интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур-3 ба далели даргузашти вакили пешини ин ҳавза Сафаралӣ Раҷабов баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG