Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА алайҳи Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад


Кумитаи байнулмилалии Конгресси ИМА тарҳи таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон дар робита ба ошкор шудани талоши сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони саудӣ дар Вошингтонро пазируфт. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, дар тарҳрезии ин сӯиқасд Теҳрон даст дорад.

Таҳримҳои нав метавонанд зарбаи ҷиддӣ ба Бонки марказии Эрон ҳам шаванд ва аммо дар сурате, ки агар аз сӯи ин ниҳоди молиявӣ сармоягузорӣ шудани терроризм. барномаи ҳастаии Эрон ё маблағгузории фаъолияти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон тайид гардад.

Қарор аст, ки ин тарҳ ба зудӣ барои имзо ба раисиҷумҳур Барак Обама пешниҳод шавад.
XS
SM
MD
LG