Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифлис ба вуруди Русия ба СҶТ ризоят медиҳад


Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, изҳор намуд, ки музокироти Тифлису Маскав дар бораи вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ба зудӣ ба итмом мерасад. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст.

Русия, ки аз соли 1993 талоши вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дорад, бояд аз ризояти ҳама кишварҳои узви ин созмон бархурдор бошад. Гурҷистон охирин кишварест, ки то ҳол ин гуна ризоят надодааст.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Маскаву Тифлис бо миёнҷигарии Швейсария дар мавриди мавзӯъи барои Гурҷистон басо муҳим – назорати байнулмиллалии ҳамлу нақли молу мавод тавассути қаламрави Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ба созиш расидаанд.
XS
SM
MD
LG