Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ба қавли ҳавошиносон, ҳавои шаҳри Душанбе рӯзона соф ва аммо шомгоҳон абрӣ ва назар ба рӯзҳои пеш гармтар мешавад - ҳарорат то 14 дараҷа боло меравад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои соф дар назар аст, то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво нимабрист, ҳарорати ҳаво то 17 дараҷа баланд хоҳад рафт.

Дар шаҳри Хоруғ бошад чун рӯзҳои пеш борон меборад, рӯзона то 5 ва шомгоҳон 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор нимаи аввали рӯз ҳавои соф ва аммо баъд аз зӯҳру шом ҳавои абрӣ дар назар аст. Дар ноҳияи Рашт ҳаво назар ба дигар навоҳӣ сардтар хоҳад шуд – ҳарорат то ду дараҷа пойин меравад.
XS
SM
MD
LG