Пайвандҳои дастрасӣ

Мувофиқати Димишқ бо тарҳи Лигаи кишварҳои араб


Сӯҳбати Башор Асад бо Ҳамад бин Ҷосим ал-Танӣ дар як ҳафтаи пеш

Сӯҳбати Башор Асад бо Ҳамад бин Ҷосим ал-Танӣ дар як ҳафтаи пеш

Димишқ бо тарҳи Лигаи кишварҳои араб оид ба хатми хушунат дар Сурия мувофиқат кард.

Дар ин бора нахуствазири Қатар Ҳамад бин Ҷосим ал-Танӣ баъд аз мулоқоти ҳайатҳои кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Қоҳира хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бар пояи тарҳи пешниҳодкардаи Лигаи кишварҳои араб мақомоти Сурия хушунатро қатъ мекунанд, ба ҳама афроди дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ боздоштшуда раҳоӣ мебахшанд ва барои инъикоси ҳаводиси кишвар аз сӯи расонаҳои хориҷӣ монеъ намешавад.

Ва аммо мухолифини Сурия аллакай амалӣ шудани ин тарҳро зери шубҳа бурданд. ИМА бори дигар изҳор намуд, Башор Асад, ки ба хушунат роҳ додааст, бояд ба истеъфо равад.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад аз моҳи март ба ин сӯ идома доранд. Дар ин давра, ба иттилоъи СММ, тақрибан се ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG