Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бут дар талоши фурӯши силоҳ ба ФАРК айбдор шуд


Консулгарии Русия дар шаҳри Ню-Йорк изҳор намуд, ки пуштибонӣ аз тоҷир Виктор Бутро идома хоҳад дод.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳайати мунсифа Бутро дар талоши фурӯши силоҳ ба гурӯҳи террористии ФАРК-и Колумбия айбдор кард.

Ба иттилоъи тафтишот, ки ба додгоҳи федеролии Ню-Йорк ироа шуд, Виктор Бут мехост аз фурӯши силоҳ ба гурӯҳи ФАРК миллионҳо доллар фойида ба даст оварад.

Вакилони дифоъи тоҷири рус хабар доданд, ки аз болои ҳукми ҳайати мунсифа ба Додгоҳи бознигарӣ шикоят мебаранд.

Виктор Бут, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст, соли 2008 дар Бангкок дар як амалиёти вижаи хадамоти кашфи Амрико боздошт шуд. Баъд аз ду сол додгоҳ дар мавриди истирдоди ӯ ба ИМА ҳукми содир кард.

Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба Виктор Бут 25 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG