Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел мунтазири шарҳи нахуствазири Юнон аст


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, имрӯз гуфт, Аврупо аз Юнон мехоҳад, шеваҳои иҷрои барномаи кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупоро возеҳ кунад. Ӯ дар ин бора қабл аз мулоқот бо Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон сӯҳбат кард. Қарор аст, имрӯз раҳбарони Олмону Фаронса дар шаҳри Канн, дар остонаи нишасти сарони гурӯҳи 20 бо нахуствазири Юнон доир ба бӯҳрони молии он кишвар гуфтугӯ кунанд. Эьломи Ҷорҷ Папандреу дар мавриди баргузории раъйпурсӣ барои қабули барномаи кӯмакии Иттиҳодияи Аврупо , сабаби талотум дар бозорҳои молии ҷаҳон шуд ва сиёсатмадорони Аврупоро ба хашм овард.
XS
SM
MD
LG