Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шароити мушкили Тоҷикистон аксар маворид мардум ҷои зисти худро шояд ғайриихтиёр интихоб кунад: шаҳр ё деҳа.

Вале чунин ба назар мерасад, ки дар қиёс бо замони шӯравӣ, теъдоди бештари мардуми деҳнишин хоҳиши зиндагӣ дар шаҳрҳоро доранд.

Зеро мутмаинанд, ки дар шаҳрҳо пайдо кардани ҷои кор осонтар аз деҳоти тақрибан бе ҷои кор аст. Дар аксари деҳоти Тоҷикистон манбаи аслии даромад бахши кишоварзӣ аст. Яъне манбаи даромад ва зиндагӣ ҳам аз заҳмати мардум дар замин аст.

Солҳои ахир мардум, хоса нерӯи қобили кор деҳотро раҳо карда ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар рафтаанд ё дар шаҳрҳо мардикоранд ва ё ҷои кори мувофиқтаре пайдо карда шаҳрро ба маҳали зист қарор додаанд. Вале, албатта, дар шаҳрҳо ба истилоҳ "пул нарехтааст".

Заҳмати пулёбӣ дар шаҳрҳо низ сангин аст, хароҷоти зиндагӣ ҳам ба маротиб аз деҳот бештар аст. Ҳамсуҳбатони радиои «Озодӣ» мутмаинанд, ки дар шаҳр ҳадди ақал мушкили барқ камтар аст ва дастрасӣ ба хадамоти мухталиф осонтар ҳам ҳаст. Дар ин навори видеоӣ мардуми Душанбе дар робита ба имконоти шаҳру деҳоти Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG