Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Ӯзбакистон: "Тоҷикистон фиреб мекунад"


Давлати Ӯзбакистон бо нашри як баёнияе гуфтааст, Тоҷикистон алорағми аҳди додааш ба Бонки Ҷаҳонӣ, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро идома медиҳад. Дар ин баёния, ки дар рӯзномаи расмии “Правда Востока” нашр шудааст, омадааст, давлати Тоҷикистон мунтазири натиҷаҳои ташхиси ҳамаҷонибаи паёмадҳои эҳтимолии нерӯгоҳи Роғун нашуда, бо баҳонаи корҳои барқарорсозӣ, сохтмони воқеъии нерӯгоҳро идома медиҳад ва барои он соли гузашта 150 миллион ва имсол бештар аз 190 миллион доллар харҷ кардааст. Тоҷикистон ягона роҳи наҷот аз норасоии нерӯи барқро дар бунёди нерӯгоҳи азими 3600 мегаватии Роғун мебинад, вале Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёд ин нерӯгоҳ кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро аз оби кофӣ маҳрум хоҳад кард. Тоҷикистон ин иддаъҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG