Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Муҷассамаи 2700 солагии Кӯлоб», ки соли 2006 «барои наслҳои оянда» бунёд шуда буд, ҳамакнун хароб мешавад.

Нахустин боронҳои тирамоҳӣ дар сақфи ин муҷассама шикофҳо эҷод кардааст, ки об аз он ҷо сарозер шуда, ороишот ва худи муҷассамаро ба нимавайронӣ расонидааст.

Ҳолати рӯ ба харобшавӣ овардани ин иншооти таърихӣ пеш аз ҳама фарҳангиёни шаҳрро нигарон кардааст. Камол Ҷураев, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки ҳолати нохуби ин иншоотро назорат мекард, гуфт, агар то охири сол ин аҳвол идома кунад, ин муҷассама осеби ҷиддӣ мебинад.

Ӯ гуфт: «Ҳолате, ки ҳоло мушоҳида кардем, хеле бад буд. Ба фикрам дар болои ин ҳавзи об шудааст ва дар борон бас шудан ҳам мечакад. Агар ин хел чакидан гирад ва онро нигаҳдорӣ накунанд, тамоман вайрон мешавад. Он гаҳ барои бозсозиаш маблағи зиёд лозим мешавад. Рамзи шаҳрамон, ки чунин вайрон бошад, аз ободии иншоотҳои дигар ҷои гап нест.»

Масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯянд, барои аз вайрони нигаҳдории он ҳеҷ коре карда наметавонанд, зеро ин муҷассама дар тавозуни ҳукумати маҳаллӣ дохил намешавад. Ба гуфтаи масъулин, то ин муҷассама дар тавозуни ҳукумати маҳаллӣ дохил нашавад, маблағгузорӣ барои ҳифзи он ба роҳ монда намешавад. Ба гуфтаи масъулин ин муҷассама ҳанӯз дар тавозуни вазорати фарҳанг аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳотамшоҳ Асозода, директори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб дар тақвияти гуфтаҳои масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, агар ин муҷассама ба ихтиёри ҳукумати маҳаллӣ дода шавад, беҳтар аст. Ҷаноби Асозода мегӯяд, чаҳор сол боз барои нигаҳбонии ин муҷассама талош мекунанд, аммо шумораи ками кормандон ва норасоии маблағ имкон намедиҳад, то онро хубтар нигаҳбонӣ кунанд.

Ҷаноби Асозода афзуд: «Ин рамзи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб аст. Мантиқан ҳам бигирем, бояд он ба тавозуни ҳукумати маҳаллӣ бошад, то барои ободониаш талош кунанд. Барои ободонӣ ва нигаҳдории чунин иншооти таърихӣ бояд маблағ ҷудо шавад.»

Дар ҳамин ҳол, Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, дар Кӯлоб бо баҳонаи таҷлили 2700 солагии Кӯлоб иншооти зиёде бунёд карданд, ки тақрибан ҳамаи онҳо дар чунин аҳволанд.

Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим

Ҷаноби Аҳмад мегӯяд: «Иншооти ба хотири ҷашн бунёд карда, бо гузашти се сол аллакай ба хорбшавӣ рӯ ба рӯ шуданд. Зеро онҳо нохуб сохта шудаанд. Буданд, иншооте, ки баъди як моҳи баъди истифода ба чунин ҳол гирифтор шуданд. Ҳоло бисёре аз мактабҳое, ки он замон сохта шуда буданд, чунин аҳвол доранд. Сабаби аслии ба чуни ҳолат афтодан, хуб насохтани ин иншоотҳо ҳаст, ки борҳо аз ҷониби рӯзноманигорони маҳаллӣ барои ислоҳашон маводҳои интиқодӣ нашр шуда буд.»

Муҷассамаи 2700 солагии Кӯлоб дар болои хумдоне, ки ба гуфтаи бостоншиносон исботи таърихи чандҳазорсолаи шаҳр аст, сохта шудааст. Барои бунёди ин муҷассама беш аз 17 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG