Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 13 нафар дар даргириҳои тоза дар Яман


Мақомоти беҳдоштӣ ва мудофеъони ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар даргириҳои нав дар ду шаҳри Яман дасти кам 13 нафар кушта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи табибон, дар шаҳри Тойиз, дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои давлатӣ ва аъзои як қабила, ки истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман ҳастанд, 10 нафар аксаран мардуми мулкӣ кушта шуданд. Дар пойтахт шаҳри Санъо дар даргириҳои шоми сешанбе миёни нерӯҳои ҳукумат ва қабилаҳои зидди раиси ҷумҳур 3 нафар ҷон додаанд. Дар Яман, ки нӯҳ моҳ боз, қиёмҳои мардумӣ алайҳи Алӣ Абдулло Солеҳ идома дорад, ки 33 боз дар ин кишвар ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG