Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки иддаоҳои Тоҷикистон дар бораи ташхиси фаннӣ ва иқтисодии Роғун асос надорад.

Дар баёнияи мақомоти узбак, ки рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаи сафорати Узбакистон дар Русия ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир корҳои бештареро алорағми дархости коршиносони Бонки ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд.

Дар изҳороти мақомоти узбак гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо ихтисоси 150 миллион доллар дар соли 2010 ва 191 миллион доллар дар соли 2011 ва 223 миллион доллар дар соли 2012, бештар аз корҳои барқароркунӣ дар ин нерӯгоҳро дар назар доранд.

Ва мақомоти Узбакистон дар ин изҳороти худ гуфтаанд, ки сохтмони садди 335 метрии Роғун аз хатар эмин нест.

Ин вокуниши ҷониби Узбакистон дар ҳолест, ки рӯзи 26-уми ноябр ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як изҳороти вижа расонаҳои хабарии бархе кишварҳои минтақаро дар барқасдона нашр кардани иттилоот роҷеъ ба "Роғун" муттаҳам карда буд.

Бо пахши ин баёния, Тоҷикистон нигаронии худро аз нашри матолиби зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун баён намуда, вале ҳамзамон таъкид карда буд, ки мавқеи давлати Тоҷикистон дар робита ба зарурати анҷоми ин барнома бетағйир хоҳад монд.

Баёния бидуни зикри номи нашрияи мушаххас, расонаҳои хориҷиро ба пахши «маълумоти таҳрифомез» дар бораи нерӯгоҳи “Роғун” муттаҳам мекард. Тоҷикистон ҳамеша гуфтааст, ки тарҳи Роғун як барномаи ошкор аст ва ин далел, ки коршиносони байналмилалӣ ба омӯзиши он ҷалб шудаанд, бояд ҷойеро барои шубҳаву гумон боқӣ нагузорад ва ин тарҳро ҳамчун далели боз будани мақомот дар ин самт пешниҳод мекунад.

Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо нашри ин изҳорот давлати Тоҷикистон бори дигар таъкид кардааст, ки барномаи сохтмони Роғунро ба ҳеҷ ваҷҳ қатъ нахоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Шарифов, нашри ахбори ҳангомаомез ва пурвоҳима дар атрофи нерӯгоҳ тасмими давлатро дар заминаи то ба охир расонидани ин тарҳ дигар намекунад.

ҲАНГОМАИ РАСОНАҲОИ УЗБАКИСТОН

Ахиран дар бархе аз сайтҳо ва расонаҳои хориҷӣ матолиби интиқодӣ дар иртибот ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» зиёд ба нашр расиданд. Барои мисол сайти интернетии Centrasia.ru бо нашри як мақола давлати Тоҷикистонро дар ситонидани маблағ аз аҳолӣ барои сохтмони “Роғун” муттаҳам кардааст.

Ва ё нашрияи « Правда Востока» -и чопи Тошканд низ дар яке аз мақолаҳои ахири худ Тоҷикистонро ба сарпечӣ аз тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба “Роғун” муттаҳам кард ва идомаи пажӯҳиши коршиносони ин бонкро таҳти шубҳа қарор додааст. Дар як моҳи ахир танҳо дар сайти вазорати хориҷаи Ӯзбакистон 8 матлаб дар робита ба хатаровар ва зиёнбор будани Роғун мунташир шудааст. Аммо Тоҷикистон ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, «қоидаҳои амалкунандаи Бонки ҷаҳониро риоят» хоҳад кард.

Ҳукумати Узбакистон борҳо ба ҳамсояи сероби худ машварат додааст, аз пайи сохтани нерӯгоҳҳои хурд шавад ва аз “Роғун” даст бикашад.

Агар тарҳ дар ниҳояти амр бунёд шавад, Тоҷикистон истиқлолияти энержӣ ба даст меорад ва ба кишвари содиркунандаи нирӯи энержӣ табдил мешавад, ки дар бозорҳои минтақаи Осиё харидори бешумор дорад. Бо назардошти ин имконот, аксари коршиносон пофишории Узбакистонро ба сабқати пештозӣ дар бозорҳои энержии Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон маънидод мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG