Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: "Бе Покистон дар Афғонистон сулҳ намешавад"


Дар шаҳри Истанбули Туркия имрӯз ҳамоиши байналмилалие ифтитоҳ шуд, ки дар ҷараёни он шеваҳои таъмини амният дар Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 баррасӣ мешавад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Осифӣ Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон дар ин нишасти якрӯза ширкат мекунанд. Ҳомиди Карзай дар ин ҳамоиш гуфт, кишвараш ба расидан ба сулҳ ба кӯмаки кишварҳои дигар бахусус Покистон ниёз дорад:"Бе ҷалби раҳбарони баландпояи Толибон дар Покистон ба раванди сулҳ, ин раванд ба муввафақият ноил нахоҳад шуд. Умеди мо ин аст, ки бо кӯмаки бародари худ дар Покистон мо раҳбарони Толибонро аз ҳимояти тӯлонии баъзе шабакаҳои хориҷ аз Афғонистон маҳрум карда ва онҳоро ба ҷараёни сулҳ ҳамроҳ кунем." Дар конфронси Истанбул, ҳайъатҳои Амрико, Ҳинду Эрон, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва муаасисаҳои имдодии Созмони Милал ва НАТО ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG