Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ландан ҳукми Ассанжро бетағйир гузошт


Як додгоҳи Бритониё ҳукм кардааст, Ҷулиан Ассанж, муассиси “Викиликс”, ки ба таҷовуз ва озори ҷинсӣ муттаҳам мешавад, барои бозпурсӣ ба Шветсия истирдод шавад. Додгоҳи Олии Ландан имрӯз баъди баррасии шикояти додгоҳии Ҷулиан Ассанж, ҳукми додгоҳи поёнӣ дар мавриди истирдоди ӯро бетағйир гузошт. Мақомоти Шветсия Ҷулиан Ассанжро ба озори ҷинсии ду корманди довталаби Викиликс дар шаҳри Стокҳолм дар як соли муттаҳам мекунанд. Ҷулиан Ассанж ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ӯро барои нашри садҳо ҳазор санадҳои марҳамонаи дипломатҳои Амрико ҳадаф гирифтаанд. Ӯро баъди дархости мақомоти Шветсия моҳи декабри соли 2010 дар Ландан дастгир карданд ва сипас бо васиқа озод шуд. Ӯ имрӯз гуфт, истирдоди ӯ ғайриқонунӣ хоҳад буд, зеро дар Шветсия ӯ ба ҳеҷ ҷинояте муттаҳам нашудааст. Ӯро баъди дархости мақомоти Шветсия моҳи декабри соли 2010 дар Ландан дастгир карданд ва сипас бо васиқа озод шуд.
XS
SM
MD
LG