Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи будҷаи соли 2012-ро бо касри 180 миллион сомонӣ ба тасвиб расонд.

Дар ҷараёни баррасӣ вакилон ва раиси парлумон изҳор доштанд, ки талаби воқеи ба будҷаи давлат дар соли 2012 бо талабу дархости вакилон ва мардум ва ҳамчунин ҳали масоили зарурӣ ба 18 миллиард сомонӣ зарурат дорад. Вале бо дар назар гирифтани тавони молии ҷумҳурӣ бахши масрафоти будҷа 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ, муодилил 2 миллиарду 200 миллион доллар тасвиб шуд.

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Ин дар ҳолест, ки ба қавли бархе аз вакилони мардумӣ, ҳар сол харҷҳои беҳуда ва нодаркор дар будҷа афзудааст. Аз ҷумла Амирқул Азимов, намояндаи мардумӣ дар парлумон аз вазири молия суол кард, ки таъмиру навсозии идораҳои вазирон, раисони вилоятҳо ва раҳбарони идораҳо, ташкили шароити маишӣ дар идораҳо аз қабили утоқи истироҳат, савна ва ташнобу вана ва теъдоди зиёди муҳофизону мошинҳои мухталиф аз кадом ҳисоб пардохт мешавад. Вазири молия дар посух гуфт: «Дар бораи таъмири утоқҳои кории вазирон, муовинон, як комиссияи вижа ташкил шуд, ин масъалаҳо баррасӣ гардид ва ба президент иттиллоъ дода шуд. Дар ҳақиқат дар ин соҳа харҷҳои зиёд буд. Мо дар бораи алоқа лимит ҷорӣ кардем, дар масъалаи истифодаи сӯзишворӣ низ. Ин камбудиҳо дар оянда ислоҳ мешаванд.»





Ҷумъа Давлатов, мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазирон аз утоқҳои барҳаво ва шароити маишӣ бархӯрдор нестанд. Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон ба ҷаноби Давлатов эътироз кард ва гуфт: «Ҷои ин суханҳо нест, барои шумо муҳтарам Давлатов, мо ба вилоятҳо меравем ва мебинем, ки онҳо чигуна мегарданд. Амирқул Азимов пеш дабири Шӯрои амният буд, ҳама чизро медонад. Бе сабаб намегӯяд. Мо медонем вазирон муҳофиз надоранд, вале дар идораҳо утоқи истироҳат, душ, ванна вуҷуд дорад. Ман вазири кор будам, дар вазорат то омадани ман ҳамин шароит буд. Душ доштан дар вазорат боке надорад, вале инҷо гап дар бораи чизҳои дигар меравад.»

Масъалаи дигари мавриди баҳс дар парлумон, мавзуи қарздории ширкати "Барқи тоҷик" буд. Раиси парлумон гуфт, ки агар имсол ҳам масъалаи қарздории ин ширкат ҳал нашавад, дар сохтори он бояд таҷдиди назар шавад.

Вазири молия гуфт, ки лоиҳаи таҷзияи ин ширкат ба корхонаҳои алоҳида дар ҳукумат тасвиб шудааст ва ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт. Аммо Шодӣ Шабдолов гуфт, ки бо таҷзия низ масъалаи фасоду бенизомӣ дар ин ширкатро аз байн намебарад. Ҷаноби Шабдолов афзуд: “Ҳукумат аз ташкили комиссияи вижа дар бораи муайян кардани қимати барқ даст кашидааст ва бидуни таъйини нархи воқеии барқ дар ин ширкат, дуздии пули ҷамъшуда аз фурӯши барқ низ идома хоҳад ёфт. Ва даст кашидани давлат аз ташкили комиссия мавқеи нодурусти давлат аст.”

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

Ҳамчунин ҷаноби Шабдолов гуфт, ки маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ дар иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ихтисос дода шудааст, ки агар таҳти назорати вазорати молия ва дигар ниҳодҳо қарор нагирад мисли солҳои пешин қисми зиёди ин пулҳо дуздида мешаванд.

Парлумон ҳамчунин дар баррасии будҷа ба чанд корхона имтиёз дод ва ин корхонаҳо аз пардохти андоз озод шуданд. Аз ҷумла корхонаи навташкилшавандаи металлургии Тоҷикистону Чин ва сохтмони меҳмонхонаи панҷситорагии Исмоили Сомонӣ.

Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи парлумон аз вазири молия суол кард, ки чаро маҳз ба сохтмони ин меҳмонхона имтиёз додаанд ва на ба дигарон.
Вазири молия дар посух гуфт, ки сохтмони ин меҳмонхона низ то соли оянда бояд ба итмом бирасад ва баъд аз ин, ба дигар сохтмонҳо имтиёз дода нахоҳад шуд.

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Ҷаноби Кабирӣ дар гуфтугӯ бо РО дар ин бора чунин изҳори назар кард: “Мушкил дар он аст, ки танҳо ба ном дар сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ва меҳмонхонаи сохташуда истода дар кӯчаи Айнӣ имтиёз додаанд. Ва ин сохтмонҳое, ки чанд сол тӯл мекашанд гумон аст, ки аз имтиёз истифода бурда даричаеро барои хариди масолеҳи сохтмонӣ аз хориҷ бо нархи арзон мекушояд ва ин маҳсулот дар бозори дохилӣ ба қимати гаронтар фурӯхта мешавад. Хавфи мо вакилон аз ҳамин аст.”

Вазири молия дар посух ба суоли раиси парлумон, ки бесомониҳо дар бозори арзи ҷаҳонӣ ва мушкили молии Аврупо ба Тоҷикистон таъсир дорад, гуфт, мо дар ин бора барнома дорем ва дар фонди стабилизатсионӣ маблағи кофӣ низ барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон андӯхтаем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG