Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳуқуқи башар авлавияти кори мо хоҳад буд"


Абдураҳим Ал-Киб, нахуствазири нави Либия мегӯяд, масъалаи ҳуқуқи башарро ба унвони авлавияти кори худ қарор хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Фааронса, Абдураҳим Ал-Киб, ки даҳҳо сол аз зиндагии худро ба унвони мухолифи давлати Муаммар Қаззофӣ дар хориҷ аз кишвар гузаронидааст, рӯзи гуфтааст: «Тазмин мекунем, ки кишвареро хоҳем сохт, ки ба ҳуқуқи башар эҳтиром мегузорад, аммо ба замон ниёз дорем.»

Мустафо Абдулҷалил, раиси Шӯрои миллӣ-интиқолӣ дар суханронии аввалини худ эълом карда буд, аз ин пас шариати исломӣ манбаи аслии қонунгузорӣ дар Либия хоҳад буд, вале пас аз он барои костан аз нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки мардуми Либияи «мусалмонони миёнарав» ҳастанд.

Раҳбарони ғарбӣ нисбат ба ин изҳороти оқои Абдулҷалил изҳори нигаронӣ карданд ва Катрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш гуфт, Либия, ки қасди иҷрои қонунҳои шариати исломиро дорад, бояд ба ҳуқуқи башар ва усулҳои демократӣ эҳтиром бигузорад.

ҲУШДОР ДАР МАВРИДИ СИЛОҲҲОИ АТРИШИ ҚАЗЗОФӢ

Абдураҳим Ал-Киб, нахуствазири нави Либия аз миёни панҷ номзад бо касби 26 раъй аз миёни 51 раъй ба ин симмат интихоб шуд.

Бо интихоби Ал-Киб ба симати нахуствазири Либия, Маҳмуд Ҷибриил, нахуствазири давлати интиқолӣ ба аҳди худ, ки гуфта буд пас аз озодсозии Либия аз қудрат канора хоҳад рафт, вафо кардааст.

Шӯрои миллӣ интиқолии Либия рӯзи якшанбе 23 октябр озодсозии тамоми сарзамини Либияро аз султаи 42 солаи низоми Муаммар Қаззофӣ эълом кард.

Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия ваъда додааст то зарфи ҳашт моҳ интихоботи саросарӣ баргузор карда ва барои бознависии қонуни асосии ин кишвар як анҷумани миллӣ тартиб диҳад.

Интихоби нахуствазири нави Либия ҳамзамон буд бо ҳушдори рӯзи душанбеи СММ дар мавриди пахш шудани силоҳҳои анборҳои Муаммар Қаззофӣ дар Либия ва кишварҳои ҳамсоя.

Мақомҳои кишварҳои минтақа ва СММ ҳарос доранд силоҳҳое, ки аз анборҳои Муаммар Қаззофӣ дуздида шудаанд, ба дасти гурӯҳҳои ниманизомӣ дар кишварҳои африқоӣ бирасад.
XS
SM
MD
LG