Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи шаҳраксозӣ-посух ба узвияти Фаластин дар ЮНЕСКО


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, амр кард, ки ба бунёди манозил дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва канори Байтулмуқаддас суръат бахшида шавад.

Дар бораи ин тасмим баъд аз нишасти вижаи кобинаи вазирони Исроил хабар дода шуд. Ба гуфтаи Нетаняҳу, бунёди ду ҳазор манзил дар қаламраве сурат мегирад, ки дар сурати ҳосил шудани созиши сулҳ бо Фаластин мутааллиқ ба Исроил хоҳад буд.

Дар нишасти ҳукумати Исроил асосан мавзӯъи ба ҳайси узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ пазируфта шудани Фаластин баррасӣ шуд. Амрико ва Исроил аз ин тасмим интиқод карданд.

Ҳукумати Исроил ҳамчунин қарор кард, ки пардохти моҳона ба роҳбарони Идораи худгардони Фаластинро мутаваққиф шавад.
XS
SM
MD
LG