Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Канни Фаронса бӯҳрони Юнон баррасӣ мешавад


Георгиос Папандреу

Сарони Фаронсаву Олмон имрӯз дар шаҳри Канни Фаронса робита ба вазъи Юнон бо Сандуқи байнулмилалии пул ва сохторҳои молиявии аврупоӣ машваратҳо доир мекунанд.

Дар ин бора баъд аз сӯҳбати телефонии раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел хабар дода шуд.

Имрӯз парлумони Юнон мавзӯъи эътимод ба ҳукуматро баррасӣ мекунад. Вакилон назари худро дар робита ба тасмими нахуствазир Георгиос Папандреу барои баргузории референдум оиди дархости бастаи нави кӯмаки молиявӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ба хотири рафъи бӯҳрони қарзро иброз хоҳанд дошт.

Шоми дирӯз ҳама вазирони ҳукумат аз тасмими баргузории референдум пуштибонӣ карданд.

Пешниҳоди Папандреу боиси пойин рафтани қурби евро ва коҳиши бурсҳо дар биржаҳои аврупоӣ гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG