Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИ пирӯзии Алмосбек Отамбоевро тасдиқ кард


Комиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон санҷиши ҳама протоколҳои аз ҳавзаҳои интихоботӣ расидаро анҷом дод.

Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, пирӯзии сарвазир Алмосбек Отамбоев дар интихоботи президентӣ тайид шудааст. Бар пояи иттилоъи муқаддамотӣ, ӯ беш аз 63 дар сади раъйҳоро ба даст овардааст.

Алмосбек Отамбоев дирӯз дар як нишасти хабарӣ изҳор намуд, барои музокирот бо довталабони сабқатро бохта, ки хостори лағви натоиҷи интихобот шудаанд, омода аст.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки баъди расман ба ифои вазифа шурӯъ карданаш ҳайати нави эътилофи ҳукмрон эълон ва кобинаи нави вазирон ташкил мешавад.
XS
SM
MD
LG