Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳисобҳои бонкии Моли Хон-фармондеҳи Ҳақонӣ баста мешавад


Имрӯз вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки Моли Хон-фармондеҳи боздоштшудаи шабакаи шӯришиёни Ҳақонӣ ба феҳристи сиёҳ ворид мешавад. Ин бад-он маъност, ки Моли Хон террористи ҷаҳонӣ шинохта шуда, истифода аз ҳисобҳои бонкии вай мамнуъ мешавад. Вазорати корҳои хориҷӣ дар изҳороти худ гуфт, ҳамаи дороиҳои вай мавриди таҳқиқ қарор мегирад ва ҳар гуна суд аз ин ҳисобҳо баста мешаванд ва ба шаҳрвандони Амрико иҷоза дода намешавад, ки дар амалиёти молии вай ширкат кунанд. Хон моҳи сентябр дар ҷараёни амалиёти муштараки нируҳои НАТО-Афғонистон дар вилояти Пактиё боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG