Пайвандҳои дастрасӣ

7 нафар ҷонибдорони Маҳмуд аз банд раҳо шуданд


Ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев баъд аз раҳоӣ

Ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев баъд аз раҳоӣ

Имрӯз қозии додгоҳ Уроқов ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистонро дар бораи раҳоии 7 нафар аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев-сарҳанги шӯришӣ дар ҳузури маҳкумшудагон ва бастагонашон қироат кард ва он мавриди пазироӣ қарор гирифт:

“Чораи пешгирии маҳкумшудагон тағир дода, онҳо фавран аз зали маҷлиси судӣ озод карда шаванд”.

Ҳафт пайрави Маҳмуд Худойбердиев бо ҳукми ҳайати машваратии Додгоҳи олӣ тибқи моддаи 10-и қонуни афв озод шуданд. Қозии парванда ҳангоми эълони ҳукми додгоҳ гуфт, ин ҳукм бар асоси эътирози додситонии Хатлон бар зидди ҳукми додгоҳи Хатлон, ки ҳар яке аз ин афродро ба 14 соли зиндон маҳкум карда буд, сурат гирифтааст. Ин афрод тибқи панҷ банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла узвият дар гуруҳи сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, иштирок дар исёнҳои мусаллаҳона дар солҳои 1997-98 дар вилояти Суғд, убури ғайриқонунии марз, кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуда буданд.
XS
SM
MD
LG