Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси амнияти шабакаҳои интернетӣ дар Лондон


Дар Лондон як конфронси муҳими байналмиллалӣ роҷеъ ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои интернетӣ ҷараён дорад. Дар ин конфронс намояндагони тақрибан 60 кишвар ва ғулҳои саноатӣ, аз қабили Ҷиммӣ Вейлз-поягузори Wikipedia, ширкат доранд. Дар маросими гушоиши ин конфронс Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷии Бритнаия гуфт:

“Ин кор ба нафъи мост, то ба ояндаамон мутмаин бошем, ки дастрасии амну муносиб ба интернет дорем ва бим надошта бошем, ки ҳадафи ҳамлаи ҷинояткорон қарор мегирем”.

Дар остонаи конфронси мазкур раиси ожонсии кашфи иртибототи Британия гуфт, ҳукумат ва саноати компютерии кишвараш ба як силсила ҳамлаҳои нигаронкунандаи интернетӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи вай, ба шабакаи интернетии вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамлаи ҷиддӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG