Пайвандҳои дастрасӣ

Тундравҳо масъулияти инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифтанд


Имрӯз гурӯҳи тундрави исломии Катиба Ҷунд ал Халифат дар Қазоқистон иддао кард, ки масъулияти ду бамгузорӣ дар ғарби Қазоқистонро бар ӯҳда мегирад. Ин инфиҷорҳо 31 октябр дар шаҳри Атирау рух дод ва дар онҳо як нафар кушта шуд. Иддаои онҳо дар шабакаи интернетии kavkazcenter ба нашр расидааст. Ин сомона маъмулан дар бораи фаъолиятҳои ин гурӯҳ матолиб ба нашр мерасонад. Катиба Ҷунд ал Халифат ба Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон бо ин инфиҷорҳо таҳдид кардааст, ки ҳукумат қонун дар бораи маҳдудияти фаъолиятҳои мазҳабиро ба тасвиб расондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG