Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҷумаи ҳоли Нуриддин Маҳкамов


Нуриддин Маҳкамов, соҳибкор ва раиси ширкати “Бахт” дар шаҳри Хуҷанд, соли 1956 ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатм кардааст. Хидмати сарбозии даврони Шӯравиро дар солҳои 1974- 1976 дар Олмон адо кардааст.

Соли 1977 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дохил шуда ва дар соли 1982 бо ихтисоси иқтисодшинос ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро ба сифати коргари оддӣ дар корхонаи қолинбофии шаҳри Қайроққум шурӯъ мекунад.

Аз соли 1983 то 1994 ба сифати муовини раиси корхона дар умури тиҷорат кор кардааст. Соли 1997 ширкати хусуси тиҷоратии худро бо номи “Бахт” ташкил мекунад. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
XS
SM
MD
LG