Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши муҳоҷирони кории ноболиғ дар Русия


Намояндагии Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз афзоиши шумораи муҳоҷирони кории ноболиғ изҳори нигаронӣ кардааст. Ин намояндагӣ гуфтааст, ноболиғонро волидонашон аз Тоҷикистон ба кор мефиристанд. Ба гуфтаи Асрор Одинаев-раиси намояндагии Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, ин ноболиғон аз камтаҷрубагӣ гоҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Русия бесарпараст мемонанд ва “тӯъма”-и авбошону фиребгарон мешаванд.

“Вақтҳои ахир падару модарон фарзандони ноболиғи худро барои кор ба Русия мефирситанд. Афсӯс, ки ин бачаҳо ба сини балоғат нарасидаанд ва онҳоро ба таври расмӣ ба кор намегиранд. Онҳо ғайрирасмӣ дар ҳар ҷо кор мекунанд. Бисёр вақт мешаванд, ки онҳо бесарпаноҳ мемонанд.”

Ба гуфтаи Одинаев, намояндагии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои зидихли Русия маъмулан ин ноболиғонро ба Тоҷикистон баргардонанд.
XS
SM
MD
LG