Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳмияҳои ниругоҳи Роғун даромад овардааст


Пулҳои ниругоҳи барқи обии Роғун, ки дар ҳисобҳои бонкӣ гузошта шудаанд, 19 миллиону 220 ҳазор сомонӣ даромад овардаанд. Дар ин бора вазорати молияи Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст. Бино ба гуфтаи ин сарчашмаи хабарӣ, ҳоло ин пулҳо дар хазинаи ин вазорат дар ҳисоби ниругоҳ гузошта шудааст. Вазорат гуфтааст, дар ҷаласаи саҳҳомон тасмим гирифта мешавад, ки ин миқдор даромад чӣ тарз тақсим шавад. Ё шояд саҳҳомон тасмим бигиранд, ки ин даромадро ба сохтмони ниругоҳ диҳанд. Пули ба даст омада аз фурӯшӯи саҳмияҳои Роғун 895 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба аввали сол 65 миллион сомонӣ бештар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG