Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ША СММ халъи мушакҳои "Замин ба Ҳаво"-и Либияро мехоҳад


Шӯрои Амнияти СММ ба иттифоқи оро аз Либия дархост кард, ки аз густариши ҳазорон мушаки замин ба ҳаво ва аслиҳаи дигар, ки одамон онро метавонанд ҳамл кунанд, пешгирӣ ба амал ояд. Ин қатъномаро Русия таҳия карда буд ва дар он нигарониҳои байналмилалӣ оварда шудааст, ки захираи чунин аслиҳа метавонад боиси нооромӣ дар манотиқи соҳилии Африқо шавад ва ба ин навъи аслиҳа мумкин аст гурӯҳҳои Ал Қоида дар кишварҳои исломии соҳили ғарбӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Дар ин санад ҳамчунин аз Троблус даъват шудааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ захираи аслиҳаи кимёвӣ аз байн бурда шавад, зеро ҳифзи он барои Либия ҳеҷ аҳамият надорад.
XS
SM
MD
LG