Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Николай Бордюжа боз ба Тоҷикистон меояд


Интизор меравад, ки шоми имрӯз Николай Бордюжа-дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ барои боздиди дурӯзаи корӣ вориди Душанбе шавад. Бино ба хабари “Азия-Плюс”, вай пагоҳ дар нимаи аввали рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад. Боздиди ахири Николай Бордюжа аз Тоҷикистон моҳи марти соли равон сурат гирифта буд. Дар ҷараёни боздиди пешин вай бо мақомоти зидахли Тоҷикистон масъалаҳои амнияти минтақа, таҳкими субот дар Афғонистон баррасӣ шуда буд. Ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Тоҷикистон ва Узбакистон шомил мешаванд.
XS
SM
MD
LG