Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Папандреу дар Юнон райпурсӣ эълон кард


Ҷеорҷ Папандреу

Ҷеорҷ Папандреу

Ҷеорҷ Папандреу-нахуствазири Юнон эълон кард, ки кишвараш роҷеъ ба барномаи наҷоти молӣ райпурсӣ эълон мекунад. Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки дар чаҳорчӯбаи барномаҳои кӯмакҳои молӣ кӯмаки дуввумро ба арзиши 130 миллиард евро дар ихтиёри Юнон мегузоранд ва 50 дарсади қарзҳои ин кишварро ботил мекунанд. Папандреу гуфт, вай барои анҷоми ислоҳоте, ки маҳофили байналмиллалӣ аз вай тақозо мекунанд, ба ҳимояти бештари сиёсӣ ниёз дорад. Папандреу санаеро барои баргузории райпурсӣ эълон накардааст. Дар 40 соли ахир бори дуввум дар Юнон райпурсӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG