Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими бунёди пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ, ки ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад, аксар сокинони ин ноҳияро хушҳол кардааст.

Бисёре аз сокинон аз он хушҳоланд, ки акнун тариқи ин пул иртиботи сокинони ду тарафи соҳили рӯдхона, ки беш аз 80 сол вуҷуд надошт, акнун фароҳам меояд.

Раҷбамад, як сокини Шӯрообод, мегӯяд, ин марз ба таври маснӯъӣ миёни тоҷикони ду соҳил баста шуда, робитаи байниҳамдигарии онҳоро солҳои тӯлонӣ комилан ғайриқонунӣ медонист. Талошҳои бо ҳам пайвастани сокинони ду ҷониб давоми беш аз 80 соли ахир садҳо нафарро кушта ва садҳои дигарро зиндонӣ кардааст. Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, бо бунёди ин пул дубора ва қонунӣ робитаи тоҷикони ду соҳил барқарор мегардад.

Сарнавишти норӯшани 800 хонаводаи фирорӣ

Сокинони Шӯрообод мегӯянд, то солҳои 20-уми асри гузашта, замоне ки Шӯравӣ ҳудуди Тоҷикистони кунуниро забт накарда буд, сокинони ин тарафи марз ҳамеша барои додугирифт ба он тараф равуо доштанд.


Аз сӯи дигар Ҷумъахон Талбаков, мудири бойгонии минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ин мардум то инқилоби Октябр бо ҳам риштаи зичи хешутаборӣ доштанд. Ба ҷуз ин, ӯ мегӯяд, ҳоло аснод собит мекунанд, дар солҳои 30-уми асри гузашта танҳо аз ноҳияи Шӯрообод 800 хонаводаи норозӣ аз сохти нав ба Афғонистон фирор кардаанд, ки онҳо то кунун ҳеҷ иртиботи бо наздикони худ дар Тоҷикистон надоранд.

Ҷаноби Талбаков афзуд: “Ба шаҳрҳои Хонаободу Толиқон гурхета рафтанд, ки онҳо бештар аз 800 оиларо ташкил медоданд. Ҳоло ҳамин лаб-лаби дарёи Панҷ аз тарафи Афғонистон ҳамаашон одамоне ҳастанд, ки аз ҳамин тараф рафта буданд. Онҳо пас аз чанд сол мехостанд, ки баргарданд, вале дигар натавонистанд.”

“Умедворем, пул бадбахтӣ намеорад”

Аммо Мадҳусайн Разоқов, сокини ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, умедвор аст, ки робита тариқи ин пул ба сокинони ҳар ду ҷониб бадбахтӣ намеорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, убури сокинони Афғонистон давоми 15 соли охир бештар бо интиқоли маводи мухаддир пайванд мегирифт, ки ин ба сокинони деҳоти наздимарзӣ бадбахтиҳои зиёде овардааст.

Ӯ гуфт: “Аз ин купрук ба нияти хайр истифода шавад, бисёр хуб аст. Орзу дорам, ки ин манфиати ҳар ду тараф бошад. Лек, рости гап мо аз баъзе аз сокинони он тараф ҷабри бисёр дидаем, ки диламон каме мондааст. Агар тиҷорати беғараз бо ин пул сурат бигирад, ба ободии мо мешавад.”

Манзури ин сокини ноҳияи Шӯрообод он аст, ки бинобар душворназорат будани марзи ин ноҳия солҳои ахир аз он қочоқчиёни маводи мухаддир истифода бурдаанд. Дар ин миён садҳо сокини ноҳия бо гумони ҳамкорӣ бо қочоқчиён боздошт ва ҳабс шуда, инчунин молу амволи аксари онҳо аз ҷониби қочоқчиён ба ғорат бурда шудааст.

…аз рӯзи ногузар

Аммо Баҳромшоҳи Искандаршоҳ, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, бо бунёди чунин пулҳо бовар дорад, ки марзшиканӣ коҳиш хоҳад ёфт. Ӯ мегӯяд, аксари мардуми деҳоти наздимарзии Афғонистон аз рӯзи ногузар ба кишт ва интиқолу фӯруши маводи мухаддир даст мезананд. Ба андешаи ӯ, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистн фақрро коҳиш медиҳад ва ба ин тартиб марзшиканӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ коҳиш хоҳад ёфт.

Баҳромшоҳ мегӯяд, ӯ мутмаин аст, ки аз ин пул қочоқчиён истифода бурда наметавонанд: “Аз ин пул онҳо истифода карда наметавонанд, зеро назорати он ҷиддӣ мешавад. Дар сурати истифода бурдан ҳам сокинони оддӣ зиён намебинанд. Бартарии дигараш ин аст, ки тиҷорат дар ҳар ду ҷониб рушд мекунад. Шӯрообод ва минтақаи Хоҳон аз мавзеъҳое буданд, ки ба ҳеҷ ҷо роҳи баромад надоштанд. Агар ин купрук сохта шавад, роҳи онҳо боз мешавад ва оҳиста-оҳиста пешрафт мешавад.”

Русҳо барнагарданд?

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин пулҳо бо дар назардошти манфиатҳои нерӯҳои НАТО, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, бунёд мешаванд. Саъдии Назарзода, як таҳлилгари маҳаллӣ мегӯяд, аз рӯи пешбинии вазъи ояндаи Афғонистон метавон ба чунин хулоса расид. Ӯ мегӯяд, аз тарафи дигар аз марзи Тоҷикистон русҳо берун шудаанд ва кишварҳои ғарбӣ ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, онҳо дубора ба ин марз баргарданд. Аз ин рӯ, бо сохтани пул, кӯмак ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон мехоҳанд, вазъи сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро беҳтар кунанд, то ҳеҷ далеле барои бозгашти русҳо ба марз боқӣ намонад.

Аммо Ҷаноби Назарзода мегӯяд, ба ҳар хотире, ки ин пулҳои сохта шаванд, ҳатман сокинони маҳаллӣ имрӯзу оянда аз он манфиат хоҳанд дид: “Ин пул бо маблағгузории Олмон, як узви фаъоли НАТО, сохта мешавад. Бигузор сохта шавад. Ҳар манфиате, ки ин ҷо дар назар гирифта мешавад, яқинан, болотар аз манфиати сокинони оддӣ нест. Муҳим аз ҳама сокинони оддӣ аз ин манфиат мебинанд. Агар боз равуои сокинони ду тараф ва тиҷорати онҳоро мушкил нагардонанд.”

Рӯзи 31-уми октябри соли ҷорӣ, бо иттифоқи Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сохтмони пули нави иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон бар фарози дарёи Панҷ, ки 162 метр дарозӣ хоҳад дошт, расман шурӯъ шуд. Ҳукумати Олмон ба Хазинаи Оғохон барои бунёди ин пул беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин нахустин пули иртиботӣ дар минтақаи Кӯлоб аст. Дар назар аст, ки ду пули дигар низ дар ин минтақа бунёд шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG