Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай ва Зардорӣ дар Истамбул музокирот мекунанд


Кобул дар ҳамлаҳо ба кишвар мақомоти кашфи Покистонро ҳам айбдор мехонад

Кобул дар ҳамлаҳо ба кишвар мақомоти кашфи Покистонро ҳам айбдор мехонад

Руасои ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон имрӯз дар Истамбул бо миёнҷигарии раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул музокирот анҷом медиҳанд.

Мақомоти Туркия умедворанд, ки мулоқоти Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба Афғонистону Покистон барои аз байн бурдани беэътимодӣ ва даст бардоштан аз иттиҳоми ҳамдигар дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ифротгаро мусоидат хоҳад кард.

Вақтҳои ахир Кобул кормандони кашфи Покистонро дар ҳамдастӣ бо ҷунбиши “Толибон” ва шабакаи Ҳаққонӣ муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG