Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА маблағгузории ЮНЕСКО-ро қатъ мекунад.


ИМА эълом дошт, ки маблағгузории ЮНЕСКО- Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ-ро муттавақиф мекунад.

Ба гуфтаи Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, Вошингтон аз ироаи 60 миллион долларе, ки бояд ин моҳ ба ЮНЕСКО мефиристод, худдорӣ намуд.

Тасмими ИМА бо пазируфта шудани Фаластин ба узвияти ЮНЕСКО бастагӣ дорад – дирӯз дар Конфаронси кулли ЮНЕСКО бештари кишварҳои узв аз шомил шудани Фаластин ба ин ниҳодии СММ ҷонибдорӣ карданд.

ИМА мухолифи эътирофи мустақилияти Фаластин аст ва мегӯяд, ки Фаластин фақат тавассути музокирот бо Исроил метавонад соҳибистиқлол шавад.

Дирӯз Исроил ҳам тасмими Конфаронси кулли ЮНЕСКО -ро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG