Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борон нагузашта боз борон, борон...


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз ҳам ҳавои шаҳри Душанбе абриву боронӣ хоҳад буд ва аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам борон меборад, то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво абрист, борон меборад, ҳарорати ҳаво то 11 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳам боронист, рӯзона то 5 ва шомгоҳон 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор ҳам борон меборад, ҳаво назар ба як рӯзи пеш сардтар мешавад, дар баъзе мавзеъҳо то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG