Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: НАТО барои кӯмак ба ҳукумати Либия омода аст


Дабири кулли НАТОАндерс фог Расмуссен дирӯз бо як сафари эълоннашуда вориди Троблус шуд. Гуфта мешавад, ки ин сафар бо хатми амалиёти низомии НАТО дар Либия бастагӣ дорад.

Зимни суханронӣ дар Троблус, Расмуссен таъкид намуд, ки аз ин ба баъд нақши аслӣ дар кӯмак ба мардуми Либия аз НАТО ба СММ интиқол меёбад.

Ҳамзамон ӯ изҳор кард, ки НАТО ҳамеша барои ёрмандӣ бо ҳукумати нави Либия омода аст. Дар муроҷиат ба мардуми Либия Расмуссен гуфт, ки "шумо ба хотири тағйири таърих ва сарнавишти худ бархостед. Мо барои кӯмак ба шумо камар бастем. Ҳамроҳ мо комёб шудем ва ниҳоят Либия озод аст".

Охирҳои ҳафтаи гузашта Шӯрои амнияти СММ эълон намуд, ки мандати НАТО барои доир кардани амалиёти низомӣ соати 23-ву 59 дақиқаи рӯзи 31 октябр тамом мешавад.

Тайи ҳафт моҳ ҳавопаймоҳои НАТО 26 ҳазор парвоз анҷом дода, тақрибан 10 ҳазор бор муассисаҳои гуногуни ҳукумати пешини Либияро бомборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG