Пайвандҳои дастрасӣ

ЮНЕСКО ё бахши илму фарҳанг ва маорифи Созмони Милал Фаластинро ба унвони узви ин созмон пазируфт.

Бовар меравад, ки узвияти Фаластин дар ЮНЕСКО дар талошҳои минбаъдаи ин кишвар барои дарёфти мақоми як давлати мустақил дар Созмони Милал Муттаҳид мусоидат мекунад.

Дар раъйгирии рӯзи 31 октябри ЮНЕСКО аз 173 намояндаи давлатҳои ҷаҳон - 107 вакил раъйи мусбат, 14 вакил раъйи мухолиф ва 52 кишвар раъйи мумтанеъ доданд.

Каталин Богяй

Каталин Богяй

Каталин Богяй, президенти конфронси умумии 36-уми ЮНЕСКО, ки сафири Венгрия дар ин созмон аст, дар нишасти Порис чунин изҳорот дод: “Хонумҳо ва ҷанобон, конфронси умумӣ ба ҷонибдории пазириши тарҳи қатънома раъй дода, инчунин қарор кард, ки Фаластинро ба унвони узви ЮНЕСКО бипазирем.”

Дар миёни кишварҳое, ки зидди пазириши Фаластин ба узвияти ин ниҳод овоз доданд, Амрико, Канада ва Олмон қарор доранд. Мушовири раҳбари Фаластин Сабрӣ Сайдам гуфт, ки қарор дар як рӯзи таърихии мардуми Фаластин гирифта шудааст.

Вале дар вокуниш сафири Исроил дар ЮНЕСКО Нимрод Баркан гуфт, ки “раъйдиҳии имрӯза як фоҷиа барои ташаккули ЮНЕСКО аст ва ба қонунҳои байнулмилаливу шонси сулҳ зиёни бузург мерасонад.”

Тасмими мазкур ба он маънист, ки акнун ЮНЕСКО миллионҳо доллар сармоягузориҳои Амрикоро аз даст медиҳад, чун ин кишвар аз бузургтарин саҳмгузори буҷаи ин ташаккули фарҳангии Созмони Милал мебошад. Зеро кадом бахше аз СММ давлати Фаластинро ба унвони узви комилҳуқуқи ин созмон бипазирад, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳақ надорад, ки онро маблағгузорӣ намояд.

Моҳи гузашта Фаластин дархости узвияти комил дар Созмони Милалро карда буд ва пазириши ин кишвар ба узвият дар ЮНЕСКО бахше аз ин талошҳои Фаластин мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG