Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз фоҷеаи башарӣ дар қароргоҳи паноҳандагони эронии "Ашраф"


Имрӯз аъзои парлумони Аврупо ҳушдор доданд, ки эрониёни бошандаи қароргоҳи паноҳандагони Ироқ дар баробари як фоҷеаи башарӣ қарор доранд. Струан Стивенсон, раиси ҳайати парлумони Аврупо ба кӯмаки билофосилаи СММ ба 3400 паноҳандаи эронӣ даъват кард. Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зебарӣ дар Бағдод гуфт, ки ҳукумати вай ба қароре расидааст, ки қароргоҳи "Ашраф" бояд баста шавад. Қароргоҳи мазкур солҳои 1980 ҳангоми шурӯи ҷанги миёни Ироқу Эрон аз ҷониби созмони Муҷоҳидони халқ ташкил шуд. Январи соли 2009 он зери назари амниятиҳои ИМА гузашт. Вале дар пешорӯи басташавии қароргоҳ, Муҷоҳидони халқ ҳушдор доданд, ки басташавии қароргоҳ метавонад ба қатли ом сабаб шавад.
XS
SM
MD
LG