Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурмонбек Боқиев дар интихобот иштирок накардааст


Раиси ҷумҳурии пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки феълан дар Беларус ба сар мебарад, гуфт, ки дар раъйгирии рӯзи якшанбе барои интихоби президенти нави кишвараш иштирок накард. Сафири Қирғизистон дар Минск Эрик Асаналиев дар сӯҳбат бо бахши беларусии радиои Озодӣ гуфт, ки Боқиев дар сафорат барои ширкат дар овоздиҳӣ ба қайд гирифта нашуд. Асаналиев гуфт, ки Боқиев дархосте накардааст, ки ӯро ба унвони шахси воҷиби раъй дар сафорат ба қайд гиранд. Дар паи сарнагунии режими Боқиев моҳи апрели соли гузашта ӯву баъзе аъзои оилааш зери ҳимояти президент Александр Лукашенко дар Беларус паноҳ мебарад. Президенти собиқи Қирғизистон ва 27 аъзои хонаводаи ӯву шарикони собиқаш барои амри тирандозии эътирозгарон 7 апрели порсол дар муҳокимаи додгоҳӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG