Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ сарвазири Қирғизистон Алмосбек Отамбоев иддао дорад, ки ӯ дар як интихоботи шаффоқ пирӯзӣ ба даст даровардааст.

Сарфи назар аз тахминҳои зиёд дар бораи зарурати ду даври интихоби президенти Қирғизистон, ҷаноби Отамбоев иброз дошт, ки пешдастии ӯ дар овоздиҳии 30-уми октябр ҷои шубҳа надорад. Отамбоев дар арафаи интихобот аз мансаби сарвазири кишвар истеъфо дод.

Ӯ мегӯяд, барои Қирғизистон низоми парламентии давлатдорӣ мувофиқтар аст ва ӯ баҳри тағйири он талош намеварзад. Рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон Отамбоев гуфт: “ Ба фикрам Қирғизистон ба низоми давлатдории президентӣ, низоми худкома эҳтиёҷ надорад. Мо ҳамаи масъалаҳоро бояд муштаракан ҳал намоем. Ман дар пайи таҳкими салоҳиятҳои президентӣ намешавам. Ба ақидаи ман, нерӯи президент бо эътимоди мардум муайян мешавад.”


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон мегӯяд, Отамбоев беш аз 62 дар сади раъйҳоро касб намудааст. Интихоботи рӯзи якшанбе аввалин интихоботи раисиҷумҳур баъди барканории собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар апрели соли 2010-ум аст.

ШИКОЯТҲО АЗ РАВАНДИ ИНТИХОБОТ

Рӯзи якшанбе як идда раъйдиҳандагон шикоят карданд, ки номашонро дар рӯйхати овоздиҳандагон пайдо накардаанд.

Аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, баъзе камбудиҳое, ки сабт шудаанд, ба натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ таъсире гузошта наметавонанд. Нозирони САҲА ва кишварҳои ҳамсуд низ бо эътирофи камбудиҳо ба ҷараёни раъйдиҳӣ баҳо мусбат додаанд.

Раиси гурӯҳи нозирони САҲА хонум Валбурга Ҳабсбург Дуглас мегӯяд, ӯ дар бораи ояндаи демократии Қирғизистон назари мусбат дорад, вале мақомоти масъули интихобот бояд дар фикри рафъи камбудиҳои раванди овоздиҳӣ бошанд. Сухангӯи муассисаи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА Йенс Ҳаген Эшенбахер дар ин бора мегӯяд: “Мутаассифона, ба назар мерасад, ки рӯйхати раъйдиҳандагон ва аз ҷумла мардуми дорои ҳаққи оводиҳӣ, комил набуд. Шумори зиёди мардум номҳояшонро дар рӯйхатҳои овоздиҳандгон наёфта, имкон надоштанд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат варзанд.”


Ҷои ёдоварист, ки барои курсии президенти Қирғизистон 16 номзад мубориза бурдаанд ва дар раъйдиҳии рӯзи якшанбе беш аз 60 дар сади мардуми дорои ҳаққи овоздиҳӣ иштирок доштаанд. Отамбоев, ки аз тарафи шореҳон ҳамчун сиёсатмадори муътадил аз шимоли Қирғизистон шинохта мешавад, бо ду рақиби асосиаш, ки ҳар ду ҳамчун сиёсатмадорони миллатгарои сокини ҷануби ин кишвар муаррифӣ шудаанд, сабқат намуд.

ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ОСТОНАИ ЯК БӮҲРОНИ ДИГАР?

Собиқ сухангӯи парламенти Қирғизистон Адахон Мадумаров ва раиси ҳизби Ота-Ҷурт Қамчибек Тошиев-ҳар яке бо тахминан 14 дарсади оро, мақоми дуюму сеюмро ишғол намудаанд. Онҳо натиҷаи интихоботро эътироф накарда, ҳушдор медиҳанд, ки нодидагирии эътирози онҳо, метавонад кишварро бори дигар ноором кунад.

ИМА ва Русия дар Қирғизистон пойгоҳҳои низомӣ доранду ба интихоботи Қирғизистон таваҷҷӯҳ нишон доданд. Аксарият бар ин назар аст, ки Отамбоеви 55-сола аз муттафиқони аслии Маскав буда, эҳтимол равобити кишвараш бо Русияро таҳким бахшад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG