Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосбек Отамбоев хостори сулҳ ва ҳалли ихтилофҳо дар Қирғизистон аст


Нахуствазири собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд, вале рақибони ӯ гуфтанд, ки натиҷаҳои овоздиҳиро эътироф нахоҳанд кард. Дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек Отамбоев гуфт, ки талош мекунад аз роҳи музокирот ихтилофҳои бамиёномадаро ҳал кунад:

“Ман мехоҳам, ки аз ин баъд мо дар Қирғизистон, мисле, ки дар Аврупо мебинем, ба музокира одат кунем. Дар оянда бояд ҳама масъалаҳо бо роҳи сулҳ ва созиш ҳаллу фасл шаванд, то ки дигар дар кишвар мо инқилоб нашавад ва дар давлати мо сулҳу субот барқарор шавад”.

Отамбоев бо ҳадафи ширкат дар интихобот аз мақоми нахуствазирӣ канор рафт. Дар интихобот беш аз 60 дар сади мардуми дорои ҳақи раъй иштирок карданд. Ҳайати нозирони САҲА дар изҳороте мегӯяд, ки алорағми баъзе камбудиҳо, натиҷаҳои раъдиҳии рӯзи якшанберо мешавад “боэҳтиёт хушбинона” арзёбӣ кард. Отамбоев аз миёни 16 номзади президентӣ райъи аксари мардумро ба даст овард. Отамбоев аз рӯи қонунҳои амалкунандаи кишвар, ҳақи 6 сол раҳбарии Қирғизистонро ба даст овард.
Рақибони аслии Отамбоев Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев натавонистан беш аз 15 дар сади раъйи тарафдоронро ба даст оваранд.
XS
SM
MD
LG