Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев барандаи интихоботи Қирғизистон шуд. Рақибонаш розӣ нестанд


Нахуствазири собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд, вале рақибони ӯ гуфтанд, ки натиҷаҳои овоздиҳиро эътироф нахоҳанд кард. Раиси комиссиюни интихоботӣ Туйғуналӣ Абдураҳимов дар Бишкек имрӯз натиҷаҳои овоздиҳиро чунин эълон кард:

“Алмосбек Шршенович Отамбоев як миллиону яксаду нуздаҳ ҳазору ҳафтоду шаш овозро ба даст овард, ки ин баробар бо 62,8 дар сади овозҳо аст. Аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ мешавад гуфт, ки вай дар ин интихобот пирӯзӣ ба даст овард”.

Отамбоев бо ҳадафи ширкат дар интихобот аз мақоми нахуствазирӣ канор рафт. Дар интихобот беш аз 60 дар сади мардуми дорои ҳақи раъй иштирок карданд. Ҳайати нозирони САҲА дар изҳороте мегӯяд, ки алорағми баъзе камбудиҳо, натиҷаҳои раъдиҳии рӯзи якшанберо мешавад “боэҳтиёт хушбинона” арзёбӣ кард. Отамбоев аз миёни 16 номзади президентӣ райъи аксари мардумро ба даст овард. Отамбоев аз рӯи қонунҳои амалкунандаи кишвар, ҳақи 6 сол раҳбарии Қирғизистонро ба даст овард.

Рақибони аслии Отамбоев Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев натавонистан беш аз 15 дар сади раъйи тарафдоронро ба даст оваранд.
XS
SM
MD
LG