Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Русия мегӯяд, ки сафорат дар додгоҳи халабони рус дар Тоҷикистон иштирок мекунад


Имрӯз вазири умури хориҷаи Русия сару садои баъзе расонаҳои хабариро рад кард, ки гӯё Кремлин дар муҳокимаҳои додгоҳии халабони рус дар Тоҷикистон иштирок намекунад. Сергей Лавров гуфт, “мо на фақат дар муҳокимаҳои додгоҳӣ иштирок мекунем, балки ҳама талошамонро ба харҷ медиҳем, ки ба ҳамватанамон дасти ёрӣ дароз кунем”. Дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа муҳокимаи додгоҳии ду халабони шаҳрванди Русия ва Эстония идома дорад, ки дар убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва вайронкунии қоидаи парвозҳои байналмилалӣ айбдор мешаванд. Моҳи марти имсол дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон омада нишасте анҷом доданд. Лавров имрӯз гуфт, “мутаассифона, ҳанӯз кори онҳоро аз ҷо ҷумбонда намешавад, ба ин хотир, ки на ширкати ҳавоии “Ролкан” ва на раҳбари кулли он санадҳои зарурии сабтиномшавии ҳавопаймо, мӯҳлати сохташавии он ва дигар аснодро пешкаш накардаанд”. Бидуни ин санадҳо, мегӯяд вазир, исботи мақоми қонунии ҳавопаймо ва парвози халабонҳо мушкил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG