Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав мегӯяд, барои созиши узвият дар СҶТ тағйироти бунёдӣ лозим нест


Имрӯз Русия дар робита бо созиши пешниҳодшуда бо Гурҷистон вокуниши мусбат нишон дод, ки роҳи тӯлонии Маскавро ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат боз мекунад. Гурҷистон танҳо кишвари узви ин созмон аст, ки монеи вуруди Русия ба ин созмон шудааст. Мушовири калони иқтисодии Кремл Аркадий Дворкович дар сӯҳбат бо хабарнигорон имрӯз гуфт, ки барои қабули созише бо миёнҷигии Швейсария зарурате барои тағйироти бунёдӣ лозим нест. Дирӯз президенти Русия Дмитрий Медведев, ки дар паҳлӯи вазири хориҷаи Швейсария Мишелин Калми-Рей суханронӣ мекард, аз ташаббуси ин кишвар ситоиш кард ва гуфт:

“Мехостам ба таври ҷудогона муоҳидаи Швейсарияро барои миёнҷигиаш ташаккур кунам, ки роҳи узвияти Русияро дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат осон ва дастёбӣ ба созишҳои заруриро содда мекунад”.


Имрӯз қарор аст Калми-Рей дар Батумии Гурҷистон инчунин бо президент Михаил Саакашвилӣ дидору мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG