Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як таркиши маргталабона дар вилояти Қандаҳор имрӯз се сокини мулкии Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи СММ Дан МакКортон гуфт, ки таркиш дар наздикии дафтари Комиссиюни олии СММ дар умури паноҳандагон рух дод. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, ки дар натиҷаи ин таркиш се муҳофизи сохтмони СММ дар даромадгоҳи дафтари кориашон кушта шуданд. Ин минтақа ҳамчунин қароргоҳи созмонҳои дигари байналмилалӣ мебошад. Масъулияти ҳамларо Толибон ба дӯш гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG