Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйини намояндаи хоси Тоҷикистон дар умури Афғонистон


Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки ҳамзамон намояндаи хоси Тоҷикистон дар умури Афғонистон аст...

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки ҳамзамон намояндаи хоси Тоҷикистон дар умури Афғонистон аст...

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро намояндаи хоси ин кишвар дар умури Афғонистон таъйин кард.

Оқои Зоҳидов феълан масъулияти муовинати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро низ бар уҳда дорад.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ таъйини намояндаи вижа дар умури Афғонистон ба он далел аст, ки Тоҷикистон мехоҳад нақши фаъолтаре дар ҳалли масоили кишвари ҳамсояи худ ифо намуда ва ҳамзамон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои мусоидат ба раванди таъмини субот ва барқарории Афғонистон ҷалб кунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи омӯзиши таҷрибаи кишварҳое, ки дар умури Афғонистон намояндаи вижа доранд, ба ин хулоса расидаанд, ки татбиқи тарҳҳо ва ба даст овардани ҳадафҳои мушаххас истифода аз Институти намояндаи вижаро тақозо мекунад.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ситод ё гурӯҳи кории доимоамалкунанда дар умури Афғонистон низ таъсис шудааст. Тоҷикистон ва Афғонистон аз моҳи июни соли 1992 робитаи дипломатии расмӣ доранд, вале танҳо дар соли 2001 дар сафорати Тоҷикистон дар Кобул таъсис шуд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки муқовимати зидди Толибонро дар солҳои 1996-2001 пуштибонӣ ва кӯмак кардааст. Аз соли 2001 ба ин сӯ Тоҷикистон ба унвони узви Эътилофи байнулмилалии зидди террористӣ ба раҳбарии Амрико дар амри барқарории субот ва бозсозии иқтисоди Афғонистон саҳм мегирад.

Идомаи раванди барқарории субот ва бозсозии Афғонистон ва мсусоидат ба ин раванд аз ҳадафҳои аслии сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико ба минтақа ва Тоҷикистон ва мавзӯи меҳварӣ дар гуфтугуҳои ӯ бо мақомоти Душанбе дар даҳ рӯзи пеш буд.

Аммо акнун суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки намояндаи вижа таъйин намудани Тоҷикистон дар умури Афғонистон ба чӣ далел аст? Оё ин нишоне аз таваҷҷуҳи бештар ба Афғонистон мебошад ва ё далели нигаронии зиёдтар?

Қосимшоҳ Искандаров, мудири Маркази мутолеоти низомҳои минтақӣ ва аз афғонистоншиноси тоҷик мегӯяд, ин иқдом қабл аз ҳама нишони он аст, ки як таҳаввули бузурге дар робита ба Афғонистон ва минтақа дар роҳ аст.

Ӯ мегӯяд: “Фикр мекунам, Тоҷикистон бояд кайҳо ин институтро таъсис мекард. Зеро аз ибтидои соли навад мо шоҳид ҳастем, ки ҳама таҳаввулоти ин кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон таъсиргузор будааст. Ва ҳамеша Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ аз самти Афғонистон осебпазир будааст. Ҳам аз нигоҳи маводи мухаддир ва ҳам аз нигоҳи идеологияи ифротагроӣ. Бинобар ин, як намояндаи вижа ва як гурӯҳи корӣ зарурӣ буд ва ҳаст. Дигар ин ки дар остонаи хуруҷи неруҳои байнулмилалӣ як таҳавулоти бузурге дар минтақа дар роҳ аст. Сафару мулоқоти мақомоти Амрико ва баргузори нишастҳои Истамбулу Бон ҳам далели пеш омадани як таҳаввулоти дигар дар минтақа аст. Ва коршиносон инро пешбинӣ мекунанд.”

Вале ин таҳаввулот кай хоҳад омад? Баъд аз соли 2014, яъне баъди хуруҷ ва ё то он замон? Ва он таҳаввулот чӣ гуна хоҳад буд ва чӣ пайомаде хоҳад дошт? "Ин вазифаи ҳамин намояндаи вижа ва гуруҳи корӣ аст, ки рӯи он мутолиа ва пажуҳиш бояд анҷом диҳад ва хулосаҳои худро ба ҳукумат пешниҳод кунад, ки манфиати Тоҷикистонро дар ин моваро чӣ гуна метавон ҳифз кард. Таъсиси ин институт як амри ногузир буд",-мегӯяд оқои Искандаров.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар конфронси Амният ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дорад, ба Истмбул рафтааст. Ин конфронс рӯзҳои 1 ва 2 ноябр бо ширкати 14 вазири хориҷаи кишварҳои мунфиатдор дар Афғонистон баргузор мешавад ва ҳадафи аслӣ аз доир намудани он идомаи дастгирӣ аз раванди барқарории Афғонистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG