Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вуҷуди силоҳҳои химиёӣ дар Либия


Нахуствазири муваққати Либия таъйид кард, ки дар ин кившар силоҳи химиёӣ вуҷуд дорад ва ба иттилои ӯ, ҳафтаи ҷорӣ нозирони байналмилалӣ барои ошноӣ бо вазъ вориди ин кишвар мешаванд. Нахуствазир Маҳмуд Ҷибрил гуфт, ки Либия манфиатдори он нест, ки ингуна силоҳро дар кишвар нигаҳдорӣ кунад. Ҳафтаи гузашта Ян Мартин, фиристодаи аршади СММ дар Либия дар Шӯрои амният гуфт, ки дар қаламрави ин кишвар силоҳҳои қайдношудаи химиёӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Тибқи тарҳи қатъномаи СММ, ки аз он Русия пуштибонӣ кардааст ва бояд ҳафтаи ҷорӣ аз рӯи он овоздиҳӣ баргузор шавад, мақомоти Либия бояд махфигоҳҳои силоҳҳои химиёиро дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти байналмилалӣ нобуд кунанд.
XS
SM
MD
LG