Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодбоши рамзӣ аз таваллуди сокинони ҳафтмиллиарднафарии сайёра


Дар саросари ҷаҳон аз таваллуди навзоде таҷлил мекунанд, ки аҳолии сайёраро ба ҳафт миллиард нафар баробар кардааст. СММ гуфтааст, ки рӯзи 31 октябр дар ҷаҳон инсони ҳафт миллиарднафарӣ чашм ба дунё мекушояд, аммо набояд кадом тифлеро аз кишвари мушаххас ба ин унвон сазовор кард. Дар саросари ҷаҳон имрӯз дар маросимҳои рамзӣ аз таваллуди тифли ҳафтмиллиарднафарӣ таҷлил хоҳанд гирифт. Масаолан, дар Филиппин ба ин унвон духтарчае бо исми Даника Мей Камачо ва дар Русия писарчае бо исми Петр Николаев ба ин унвон сазовор дониста шуданд.
XS
SM
MD
LG