Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алмосбек Отамбоев наздики 63 % раъйи мардуми Қирғизистонро бурдааст


Нахуствазири Қирғизистон Алмосбоек Отамбоев ба назар мерасад, дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд. Комиссиюни марказии интихоботҳо бар пояи ҳисоби қариб ҳама овозҳо мегӯяд, ки ба ҷонибдории Отамбоев қариб 63 дар сади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Раиси комиссиюни интихоботӣ Туйғуналӣ Абдураҳимов дар Бишкек имрӯз натиҷаҳои овоздиҳиро чунин эълон кард:

“Алмосбек Шршенович Отамбоев як миллиону яксаду нуздаҳ ҳазору ҳафтоду шаш овозро ба даст овард, ки ин баробар бо 62,8 дар сади овозҳо аст. Аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ мешавад гуфт, ки вай дар ин интихобот пирӯзӣ ба даст овард”.

Дар интихоботи беш аз 60 дар сади мардуми дорои ҳақи раъй иштирок карданд. Ҳайати нозирони САҲА дар изҳороте мегӯяд, ки алорағми баъзе камбудиҳо, натиҷаҳои раъдиҳии рӯзи якшанберо мешавад “боэҳтиёт хушбинона” арзёбӣ кард. Отамбоев аз миёни 16 номзади президентӣ райъи аксари мардумро ба даст овард. Отамбоев аз рӯи қонунҳои амалкунандаи кишвар, ҳақи 6 сол раҳбарии Қирғизистонро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG