Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё дар Қатар дар бозии севумаш аз тими Кувайт бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 30-юми октябр дар варзишгоҳи “Al Wakrah Sports Club”-и шаҳри Доҳа бо ҳузури 100 тамошогар баргузор шуд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Муҳаммад Ал-Қабандӣ дар дақиқаи 82-юми бозӣ ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон зад.

Ду бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “В” бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: Урдун – Бутан – 4:0, Қатар – Баҳрайн – 3:0.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ораз Назаров бозии даври аввалро ба тими Баҳрайн бо ҳисоби 0:4 бохта, дар даври дуввум бар мунтахаби Бутан бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуда буд. Абдулло Саидов ба дарвозаи бутаниҳо се гол, Алишер Шарифов, Фирӯз Раҳматов ва Шавкати Ҳотам якголӣ заданд.

Мавқеи дастаҳо пас аз даври севум дар гурӯҳи “В” чунин аст: 1.Қатар – 7 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 6-0. 2.Кувайт – 7 (2-0). 3.Урдун – 4 (4-1). 4.Баҳрайн – 4 (4-3). 5.Тоҷикистон – 3 (6-5). 6.Бутан – 0 (0:13).

Футболбозони ҷавони тоҷик дар ду даври охирин 1-уми ноябр бо дастаи Урдун ва 4-уми ноябр бо тими мизбон – Қатар бозӣ хоҳанд кард.

Дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё 42 даста дар 7 гурӯҳ рақобат мекунад. Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбад. Ҳамчунин ду дастаи беҳтарини ҷойҳои севвум аз минтақаҳои “Ғарб” ва “Шарқ” ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Ба ин тартиб дар сабқати ниҳоӣ соли оянда 16 даста барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё миёни ҷавонони то 19-сола талош хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG